No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Конститутсия

03.11.2017, шаҳри Душанбе

RAISҲамватанони азиз! 

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар яки Шумо муборакбод гуфта, дар ин радиф қайд намудан мехоҳам, ки воқеан ҳам  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади тақдирсоз ва таърихӣ  маҳсуб ёфта, дар сарнавишти ин кишвари соҳибистиқлол нақши намоёнеро касб намудааст. Қабули чунин як санади муҳиму пурарзиш барои мардуми сарбаланд ва давлати  соҳибистиқлоли мо як санаи муҳими таърихӣ ба шумор меравад, ки он бешубҳа тавонистааст, тақдири минбаъдаи миллат ва ояндаи шукуфони ин ватанро муайян намуда, ҳамчун роҳномаи ин миллати пуршараф хидмат намояд.

Қабули Қонститутсия дар ҳаёти давлатдории тоҷикон боз як дастоварди назаррас ва пурарзишу пурқимати миллӣ ба ҳисоб меравад, ки он дар ҳаёти давлатдории миллати тоҷик, дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши муҳимеро мебозад.

Конститутсияи Тоҷикистон бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро чун мақсади асосии давлати мо муайян намуда, арзишҳои воло ва суннату анъанаҳои бебаҳои миллӣ ва умумибашариро дар худ таҷассум намудааст.

Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз тавассути  райъпурсиии умумихалқӣ аз ҷониби шаҳрвандони кишварамон  қабул гардида, азму ирода ва марому мақсади шаҳрвандони Тоҷикистонро дар худ таҷассум менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккул ва инкишофи муносибатҳои сифатан нави иқтисодӣ, яъне муносибатҳои бозорӣ ва моликияти хусусӣ дар мамлакат асос гузошт.

Мехоҳам мову Шумо каме ба таърихи қабули ин санади тақдирсоз назар афканем ва ба хотир орем, ки зарурати муайян намудани заминаи ҳуқуқии таъмини Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла қабули Кониститутсияи нави кишвар ҳанӯз дар Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шуда буд. Аммо нооромиҳои соли 1991 таҳияи лоиҳаи Сарқонунро ба таъхир гузошт.

Таҳия, баррасӣ ва қабули  Конститутсияи нав пас аз баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид. Иҷлосияи мазкур дар таърихи барқарорсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузург бозид.  Барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардид, ки дар асоси он моҳи ноябри соли 1993 комиссияи нави конститутсионӣ таъсис ёфт.

Гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи  конститутсия, идораи парламентӣ ва президентиро таҳия намуд. Комиссияи кониститутсионӣ дар натиҷаи баррасии ҳамаҷониба лоиҳаи Кониститутсияро, ки шакли идораи президентиро ҳимоя менамуд, пазируфта, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр кард. Иҷлосияи бистуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати райъпурсиро 6 ноябри соли 1994 муқаррар намуд.

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт ва ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устуворе гардид. 

Бо мақсади такмили низоми сиёсӣ ва давлатии кишвар, амиқ гардонидани унсурҳои демократӣ дар ҷомеа, такмили тартиби таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани асосҳои конститутсионии инкишофи минбаъдаи иқтисоди озоду фаъолияти соҳибкорӣ ва бо назардошти ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ, ки дар таъмини суботу оромии комили ҷумҳурӣ ифода меёбад, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Бо мақсади пурра ва ҳамаҷониба таҳти танзими конститутсионӣ қарор додани рушду такомули муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тағйиру иловаҳои навбатӣ даровардан ба Конститутсия аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи он ба мардум пешниҳод шуд. Имрӯз ҷомеа пеш меравад, дигаргуниҳо, шакли нав гирифтани муносибатҳо водор месозанд, ки санадҳои танзимкунандаи муносибатҳо низ тағйир ёбанд. Мусаллам аст, ки мувофиқи зарурат ба санадҳои танзимкунандаи муносибатҳо чандин тағйирот ворид карда мешавад, чунончи тағйирот ба кодексҳои андоз, меҳнат, оила ва ғайра далели ин гуфтаҳост. Дар моддаи 5-и Конститутсия дарҷ гардидааст, ки “инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд”. Мувофиқи Кониститутсия асосҳои сиёсати хориҷии кишвар таҳким ёфта, мувофиқи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифтааст. 

Рушди устувори босуботи кишвар, хусусан ҷомеаи муосири Тоҷикистон талаб менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ тақозо месозад, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки ин санади тақдирсоз Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ дошта, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ мегузорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад.

Бесабаб нест, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ сазовори баҳои баланд гардида, онро ҳамчун  таҷассумгари ҷараёни демократӣ дар кишвар арзёбӣ намудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист.

Конститутсия принсипҳои роҳбарикунандаро муқаррар мекунад, ки мутобиқи онҳо сохтори давлатӣ муайян шуда, вазифаҳои дар назди давлат гузошташуда амалӣ карда мешаванд. Он масъалаҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, ҳалли ҷараёнҳои мухолифпазири ҷомеа ва таҳкими асосҳои тартиботи ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Конститутсия чун асоси тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ягонагии сиёсӣ ва вазифаҳои давлатро муайян менамояд. Аз ин рӯ, онро метавон ҳамчун рамзи давлатдорӣ эътироф намуд.

Тоҷикистон дар муддати на чандон тулонӣ заминаи боэътимоди танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятиро барпо намуд.

Конститутсия ба ҳамаи халқу миллатҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар додааст. Касеро барои намояндаи дигар миллат буданаш таҳқир намудан, ақидаи нафареро барои ба ҳизб ё ташкилоти ҷамъиятие шомил будан маҳдуд кардан ва бартарӣ додан, мазмуни поймол кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандро дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар арзишҳои муқаддас барои эҳёи таъриху маданияти миллати тоҷик нақши муносиб гузошта, дастовардҳои арзишманди миллиро пуштибонӣ кард. Руҳияи идонаю ифтихори миллӣ ва пос доштани асолати гузаштагон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги неки аҷдодон, сарҷамъии мардум дар фазои осоиштаи Ватан аз санади сарнавиштсоз будани Конститутсия, Истиқлолияти воқеӣ ва ваҳдати ҷовидона дар Тоҷикистон башорат медиҳад. Ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву таърихӣ ҳамчунин инъикосгари ормони кулли халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодати ин гуфтаҳост.

Ин санад бори дигар аз соҳибистиқлолии комили давлат ва миллати тоҷик ба ҷаҳониён мужда расонд. Бо қабули санади мазкур нуфӯзи давлати нави ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бештар гардид. Конститутсияро бахтномаи миллат низ ном мебаранд ва ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста ноил гардем.

Ҳар кадоми мо дар иҷрои вазифаҳои хеш содиқ ва дар доираи қонун кору фаъолияти худро ба роҳ монем. То ин ки дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ волоияти қонун риоя гардад.

Бори дигар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи Шумо муборак!

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/