No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истифодаи ҳавопаймои бесарнишин

fazo 1Ба шарофати сиёсати дурусту оқилонаи давлатсозии Пешвои миллат, Сарвари муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ислоҳоти соҳаҳои гуногун бомуваффақият амалӣ мегардад. Ислоҳот бахусус дар соҳаи заминсозии мамлакат назаррас, босамар ва ҷавобгў ба талаботи замон сурат мегирад.

Ислоҳоти замин пеш аз ҳама ба тағйир ёфтани сохтори заминистифодабарӣ мусоидат намуд. Рушди босуботи бунёди иншооти азими саноатӣ, энергетикӣ, коммуникатсионӣ, манзил, васеъ ва ободу зебо шудани шаҳрҳо, ба вуҷуд омадани шаҳракҳо ва марказҳои нави аҳолинишин, сохтмону таҷдиди роҳҳо, шабакаҳои мухобиротӣ, иншооти муҳандисӣ, дарёфту истифодаи захираҳои азими маъдан аз бисёр ҷиҳат натиҷаҳои фараҳбахш ва дурахшони ислоҳоти замин дар кишвар мебошанд.

Дар робита ба дигаргуниҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ ҳоло масъалаи истеҳсол ва таҷдиди харитаҳо дар назди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияту мақоми муҳими давлатӣ дорад.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пешрафти фанновариҳои техникӣ ва технологӣ дар истеҳсоли маводҳои мушоҳидаи фосилавии замин баҳри боло бурдани самаранокии фаъолият истифодаи ҳавопаймои бесарнишинро ҷорӣ намуд.

Ҳавопаймои бесарнишин қодир аст дар байни дигар системаҳои мушоҳидаи фосилавӣ ба воситаи ин хосиятҳои фарқкунандаи худ ҷойгоҳи сазовори худро муайян созад.

suratı havopaymoҲоло имконият фароҳам оварда шудааст, ки ташкилотҳо ва мутахассисони ватанӣ истеҳсол ва коркарди аксҳоро мустақилона ба роҳ монда, ҳамзамон бо ин ҳавопаймо чунин вазифаҳоро иҷро намоянд:

1.Сари вақт муайян намудани тағйирот дар ҳолати истифодабарии замин, баҳодиҳӣ ва пешгўии ин дигаргуниҳо, пешгирии сохтмони ғайриқонунӣ;

2.Пешниҳоди маълумоти муфасссал ба мақомоти дахлдор дар бораи истифодаи мақсадноки замин;

3.Таъмини шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо иттилоот оид ба ҳолати замин.

4.Коҳиш додани хатар ва таъмини бехатарии ҳаёти одамон;

5.Муайян намудани таъсир ва хисороти ярч, сел ва заминҷунбӣ;

6.Истеҳсоли харитаҳои мукаммалу муфассал ва дакиқи гуногунмиқёс.

Истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин имконияти саривақт ба даст овардани маълумоти дақиқро оид ба минтақаҳои хурд имконпазир мегардонад, ки хеле муҳиму ба мақсад мувофиқ аст.

Аксбардории ҳавоӣ ба воситаи ин таҷҳизоти муосир бо арзиши нисбатан кам ва дақиқнокии баланди маълумот бартарии зиёд дорад. Масалан дар як парвозе, ки як соат сурат мегирад мо метавонем масоҳати 4 ҳазор гектар заминро ба тамоми ҷузъиёташ муайян созем.

 

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳавопаймои бесарнишин ба мутахассисон имкон медиҳад, ки мутахассисони ватанӣ истеҳсол ва коркарди аксҳоро мустақилона ба роҳ монда саривақт ва ҳатти тағйиротҳои ҷузъиро низ дар ҳолати истифодабарии замин баҳодиҳӣ ва пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ муайян созад.

Бо истифода аз ин ҳавопаймои бесарнишин ҳисоботи аниқ дар бораи кишти зироатҳои кишоварзӣ, пешниҳоди маълумоти муфассал ба мақомоти дахлдор дар мавриди аз рўи таъинот истифода бурдан ва ё набурдани заминҳои дар истифодаи кишоварзӣ қарордошта имконпазир мегардад.

Барои истифода аз ин таҷҳизоти муосир мутахассисон аз бозомўзӣ гузашта, баъди аксбардорӣ дар барномаи Аргис маводро коркард менамоянд

Хусусиятҳои асосии ҳавопаймои бесарнишин:

Тамғаи ҳавопаймои бесарнишин – senseFlyeBeePlus

Давомнокии парвоз – то 60 дақиқа

Майдони аксбардорӣ дар як парвоз:

- ҳангоми дар баландии 120 метр парвоз кардан – 220 га;

- ҳангоми интихоби баландии парвоз максималӣ – 4000 га;

Дақиқнокии маводҳои харитавӣ – то 3 см./пиксел

Муҳаррик – барқӣ.

fazo 2fazo 3

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/