No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ُُҶамъомади идона ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон


05.10.2017, шаҳри Душанбе

jashni zabon 1Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Дар чорабинии идона Раиси Кумитаи давлатии Идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода, меҳмонону кормандони кумитаи давлатӣва дигар намояндагон аз ниҳодҳои зертобеъ иштирок намуда, оид ба мақому манзалат ва арзиши баланд доштани забони давлатӣ ибрози андеша намуданд.

Зимни баромад иштирокчиёни ин ҷамъомад таъкид доштанд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз арзишҳои пурқиммати миллӣ маҳз дар даврони Истиқлолияти кишвар ба мақоми забони давлатӣ пазируфта шуда, имрӯз ба таври пурра, дар самтҳои сиёсиву иҷтимоии кишвар мавриди истифода қарор дода мешавад. Маҳз дар партави ин сиёсати миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ, забони мо дар ҷомеа мақому мартаба пайдо кардааст.

Шиносномаи ҳар як миллат забони ӯ маҳсуб меёбад,    зеро забон дар ҳама  давру замонҳо  барои  муаррифии миллат рукни  муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси  ватандӯст ба шумор меравад.

Тавре гуфта шуд дар тамоми сохторҳои Кумитаи давлатӣ коргузорӣ мувофиқи меъёрҳои забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла дар самти рушди забони тоҷикӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Фабрикаи харитасозӣ” истеҳсоли харитаҳои сиёсӣ, ҳудудӣ – маъмурӣ, таълимӣ, сайёҳӣ, табиӣ ва глобусҳои табиию сиёсӣ бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин зери сарпарастии Кумитаи давлатӣ Муассисаи нашриявии маҷаллаи “Сарзамин” таъсис дода шуда, соли дуюм аст, ки фаъолият менамояд, ки бо забони ноби тоҷикӣ дастовардҳои соҳа, шарҳи қонунҳо ва маслиҳатҳои муфидро ба кормандони соҳа пешниҳод менамояд.

Инчунин бахшида ба ин ҷашни пуршукуҳ  соле қабл китоби “Замини муқаддаси Ватан” бо забони тоҷикӣ ба табъ расид, ки тарғибгари дастовардҳои 26 – солаи соҳаи заминсозию геодезӣ ба шумор меравад.

Дар охир гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ, бешубҳа арзиши бузурги миллӣ, мояи ифтихор ва пояи давлатдорӣ, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик ва рукни ҳастии миллат ба ҳисоб меравад. Ҳар як соҳибватан вазифадор аст, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, ҳамчун волотарин арзиши миллӣ талош варзида, барои боз ҳам баландтар бардоштани мақому манзалати он пайваста кӯшиш ба харҷ диҳад.   

jashni zabon 4

jashni zabon 2

 jashni zabon 3

 

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/