No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

                                     Ояндасоз

22 3Ҷавонон насли ояндасози миллат ва нерӯи боэътимоду боварибахш дар татбиқи ҳадафҳои олии роҳбарияти кишвар ба шумор мераванд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои миллат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, як қатор имтиёзҳоро барои таҳисил ва фаъолияти ҷавонон пешбинӣ намудаанд. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон,  иқдоми хеле наҷиб ва саривақтӣ буд. Роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти эълон гардидани Соли ҷавонон тадбирҳои мушаххасеро рӯйи кор оварда, дар баробари ташкили чорабиниҳои гуногун, ҷалби ҷавононро ба кору фаъолият дар сохторҳои зертобеи Кумитаи давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда, дар мадди назари хеш қарор додааст.

22 2Имрӯзҳо дар аксари вазифаҳои роҳбарикунандаи Кумита зиёда аз 100 нафар ҷавонони фаъолу кордон, аз ҷумла сардорони Раёсату шуъбаҳои зерсохтори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Кумитаи идораи замин ва Корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат, маҳз ҷавонон пайи иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва хизмат ба аҳолӣ мебошанд.  

Ҷалби ҷавонон дар вазифаҳои  идоракунии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман тамоми сохторҳои давлатӣ ба он хотирест, ки дар заминаи фаъолияти онҳо кори соҳаҳои марбута пеш рафта, дар ин самт навгониҳои назаррасе  мушоҳида гардида, Тоҷикистони азизи мо рӯ ба рушду инкишоф дошта бошад.  

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/