No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав

farkhor1Бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои солҳо бекорхобида ва бо ин васила боло бурдани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат махсусан таъкид шуда буд. Дар ҳамин замина ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои марбута тасмим гирифтаанд, ки бо ҷалби кормандони зертобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдомҳои сарҷамъонаро роҳандозӣ намуда, заминҳои солҳо бекорхобидаро аз сари нав ба гардиши кишоварзӣ ворид менамоянд. Чунин тадбирҳо дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон низ роҳандозӣ шуда, масъулин талош мекунанд бо амалӣ намудани чораҳои зарурӣ, аз қабили беҳсозии вазъи мелиоретивӣ, пешгирӣ аз шӯразанӣ ва ботлоқшавӣ масоҳати заминҳои   киштшавандаро зиёд намоянд.

Соли гузашта бинобар сабабҳои шӯршавӣ, ботлоқшавӣ нагузаронидани корҳои мелиоретивӣ ва таъмиру таҷдид нашудани шабакаҳои обёрикунанда дар ноҳия майдони 144,37 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ дур монда буд. Дар натиҷаи бартарафсозии камбудиҳо тариқи иқдомҳои дастаҷамъона майдони 100 гектар аз шумораи дар боло зикршудаи заминҳо ба кишт омода карда шуда, дар онҳо зироатҳои гуногун, аз қабили пахта, ғалла ва полезӣ гузаронида шуд.

Мувофиқи ҳисоботи оморӣ то оғози соли ҷорӣ дар қаламрави ноҳия беш аз ҳазор гектар замин ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз ин 1200 гектарашро заминҳои боири обӣ ташкил медиҳанд.

Саҳми корхонаҳои кишоварзӣ дар ин заминҳо 1134 ва саҳми хоҷагиҳои ҷангал 66 гектар мебошад. Тадбирҳои мақсадноки роҳандозишуда имкон фароҳам овард, ки соли ҷорӣ дар майдони 15,32 гектар пахта, 37,22 гектар ғалла ва дар майдони 66 гектар боғ бунёд гардида, бо ин васила майдони 118,54 гектар аз сарии нав ба кишт баргардонида шуд. Илова ба ин майдони 101,74 гектар заминҳои талу тепа ва чарогоҳҳо низ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар онҳо ҳам боғ бунёд шудааст ва ҳам кишти зироатҳои гуногун гузаронида шудааст. Дар маҷмӯъ соли ҷорӣ дар ноҳияи Фархор 220,28 гектар заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шуданд, ки дар баробари ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ҳамчунин ҷойҳои нави корӣ низ барои нафарони бешуғл фароҳам омад.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/