31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

 Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор мешавад

HavoДар ҷумҳурӣ имрӯз, 19 апрел ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, аз ҷумда дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво шабона +11+16 ва рӯзона +22+27 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Ҳарорати ҳаво шабона +14+19, рӯзона ба +28+33 дараҷа мерасад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона +6+11, рӯзона +16+21 дараҷа, дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +8+13 гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор боқӣ хоҳад монд. Ҳаво шабона +11+16, рӯзона +25+30 дараҷа гарм хоҳад шуд.

/АМИТ «Ховар»/ 

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/