No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нихолшинони1

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар тамоми манотиқи кишвар идома дорад. Барои таъмини мардум бо нихолҳои хушсифату серҳосилу ояндадор саҳми хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ хеле калон аст. Хоҷагии ниҳолпарварии «Искич» -и шаҳри Ҳисор аз зумраи онҳост. Хоҷагӣ дорои 10 гектар замин буда, соли 1991 таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар хоҷагӣ беш аз 213 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ мавҷуд буда, ҳамасола 60-70 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ба фурӯш мераванд.

Тавре Зафар Ғафуров,  раиси хоҷагии «Искич» иттилоъ дод, дар хоҷагӣ ниҳолҳои себ, зардолу, олу, чормағз, гелос, шафтолу, анор, санҷид, арғувон, сада ва ғайраҳо парвариш меёбанд. Харидорон баробари хариди ниҳол аз мутахассисони хоҷагӣ маслиҳату машварат мегиранд.

Бартарии хоҷагии мазкур боз дар он аст, ки дар ин ҷо ниҳолҳое парвариш мешаванд, ки барои бунёди ҷангалзор, пешгирии эрозияи замин, беҳтар намудани муҳити экологӣ мусоидат мекунанд. Боғпарварони хоҷагии «Искич» дар ихтиёри худ 260 гектар ангурзор ва боғи себу гелос доранд, ки ҳамасола аз он ҳосили фаровон рӯёнида, коми чандин ҳазор нафарро ширин менамоянд.

АМИТ «Ховар»

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/