No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар арафаи таҷлили Иди байнаkumitai zamini istaravshanлмиллалии «Наврӯз-2017» Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Раҷаббой Аҳмадзода барои аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо шароити кории кормандони соҳаи заминсозӣ, ба Кумитаи идораи замини шаҳри Истаравшан ташриф овард.

Раиси Кумитаи давлатӣ нахуст аз утоқҳои кории таъмиршуда дидан карда, ба масъулини соҳа баҳои баланд дод. Сипас, дар назди бинои кумита бо кормандону собиқадорони меҳнат сӯҳбати озоду ошкоро доир намуда, аз мушкилоти эшон пурсон шуд ва ҳамзамон ба хотири мусоид намудани шароити корӣ барои кормандон ва пурзӯр намудани фаъолият ба роҳбарияти Кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Истаравшан супоришҳои мушаххас дод.

Номбурда масъулинро таъкид намуд, ки корҳои ободониро идома дода, фаъолиятро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд. Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода ба ду нафар собиқадорони меҳнат, ки солҳои тӯлонӣ дар Кумитаи заминсозӣ ва МБТИ-и шаҳри Истаравшан фаъолияти пурсамар нишон додаанд, тӯҳфаи идона тақдим намуд.

Бино ба иттиллои Раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Истаравшан Фурқат Умуров ошёнаҳои якум ва дуюми бино аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, дар ошёнаи сеюм 8 утоқи бозомӯзӣ ва 1 толори маҷлисгоҳ ташкил карда шудааст, ки ин барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти кормандон мусоидат хоҳад кард.

Бино ба маълумоти Директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»- дар шаҳри Истаравшан- Ғайрат Сиддиқов то ин дам барои аз таъмири капиталӣ баровардани бино 400 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Сипас, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода ва Раиси шаҳри Истаравшан Набӣ Набизода аз боғи навбунёде, ки аз тарафи кормандони Кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чорбоғ бунёд карда шудааст, дидан намуда, изҳори қаноатмандӣ карданд ва ҳамзамон ниҳоли идона шинониданд.                                                   

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/