No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

БАРОИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

дар бораи фаъолияти кории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2017

 

      Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз рӯи нақшаи корӣ фаъолият намуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои Президенти кишвар, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷроиши “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”-ро сармашқи кори худ намуда, баҳри иҷрои онҳо кӯшиш ба харҷ дода истодааст. 

     Кумита дар давраи ҳисоботӣ корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, корҳои заминсозии байнихоҷагӣ, тадқиқоти калонҳаҷми хок, корҳои баҳои замин, корҳои тадқиқоти геоботаники чарогоҳҳо, корҳои бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, корҳои топогафӣ-геодезӣ, харитасозӣ, корҳои делимитатсия ва деморкатсияи сарҳадро дар миқёси ҷумҳурӣ идома дод. 

    Кумитаи давлатӣ қабули ҳисобот оид ба миқдори заминҳо ва тақсимоти онҳо ба гурӯҳҳо, намудҳои замину заминистифодабарандагон дар доираи ҳар як ноҳия, вилоят ва ҷамъбасти онҳоро дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2017 ба охир расонид, ки он баъди мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 таҳти №81 тасдиқ гардид. 

    Ҷиҳати иҷрои банди 14 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гардидаанд, кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо идораҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, тибқи дурнамои кишти пахта барои соли 2017 майдони кишти барои пахта ҷудошавандаро муайян карда, ноҳияҳои пахтакор тибқи он киштро оғоз намудаанд. 

    Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 21 июни  соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони 172684 гектар пахта кишт карда шудааст, ки нисбати дурнамои кишоварзӣ 241 гектар зиёд мебошад. 

    Тибқи банди 15 Нақша чорабинии мазкур Кумитаи давлатӣ дар самти азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо ҳамеша кӯшиш менамоянд. Барои мисол, дар нимсолаи аввали соли 2017 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳо майдони 3463 гектар, аз он обӣ 3407 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. 

    Баҳри иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2016, №13  аз тарафи кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо инвентаризатсияи боғу токзорҳо гузаронида шуд, ки  ба ҳолати 1 июни соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 2558 гектар, аз он обӣ 240 гектар боғу токзорҳо бунёд карда шудааст. Дар маҷмӯъ, якҷоя бо майдони боғу токзорҳо дар давоми нимсолаи аввали  соли ҷорӣ майдони умумии 6021 гектар, аз он обӣ 3647 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. 

   Тибқи нақшаи корӣ, таҳлили истифодабарии заминҳои партов дар давоми солҳои 2013-2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Аз маълумотҳои овардашуда бармеояд, ки барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда дар давоми панҷсолаи охир қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ инчунин дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ қабул гардида, амалан иҷрои корҳо дар ин самт дар баъзан шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нокифоя буда боиси ба гардиши кишоварзӣ ворид гардидани қисми ками заминҳои партов гардидааст. Умуман аз натиҷаи таҳлилҳо маълум гардид, ки дар ҷумҳурӣ дар муддати 5 соли охир ҳамагӣ майдони 2170,0 га заминҳои партов кам гардида ба гардиши кищоварзӣ ворид карда шудааст. 

    Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои маҳаллии соҳа фақат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳо майдони 3463 гектар, аз он обӣ 3407 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд аз ҳисоби заминҳои партов майдони 58 гектар обӣ, дар вилояти Хатлон ҳамагӣ майдони 3405 гектар, аз ҷумла  заминҳои партов 1649 гектар, аз он 1593 гектар обӣ, чарогоҳ 952 гектар, буттазор 11 гектар ва дигар заминҳо 793 гектар бо қарорҳои раисони ноҳияҳо ҳамчун заминҳои корам ба гардиши кишоварзӣ ворид шудаанд, ки ин нисбат ба маълумотҳои 5 соли охир назаррасанд.              

     Баҳри иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2016, №13  аз тарафи кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо  инвентаризатсияи боғу токзорҳо гузаронида шуд, ки  ба ҳолати 1 июни соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 2558 гектар, аз он обӣ 240 гектар боғу токзорҳо бунёд карда шудааст. Дар маҷмӯъ, якҷоя бо майдони боғу токзорҳо дар давоми нимсолаи аввали  соли ҷорӣ майдони умумии 6021 гектар, аз он обӣ 3647 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. 

     Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2010, №603, аз соли 2010 то соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони умумии 29ҳаз.668,05 гектар ба эҳтиёҷмандон барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, аз майдони умумӣ то 1 июли соли 2017 майдони 20340,36 гектар тақсим шудааст, ки 69 фоизро ташкил медиҳад. 

     Дар ин давра аз ҷониби мақомоти идораи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 6958 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор  карда шуда, нисбати  6315  ҳолат дастур, нисбати 5730 ҳолат протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул ва ба маблағи  2млн.212ҳаз.400 сомонӣ ҷарима қабул баста шудааст, ки аз ин 1млн.659ҳаз.025 сомонӣ ба суратҳисоби  махсус ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 412 мавод ба прокуратура, 313 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд  ирсол карда шуда, 4053 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал  бартараф карда шудааст.    

     Дар доираи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 тахти №1775 «Дар бораи  тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ»  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” ба ҳолати 1 июни  соли 2017 дар миқёси ҷумҳурӣ шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 178ҳаз.438 ададро ташкил дода, аз ин шумора 15ҳаз.545 адад дар ВМБК, 66ҳаз.359 адад дар вилояти Суғд,65ҳаз.626 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилояти Хатлон ва 30ҳаз.908 адад дар ноҳияҳои тобеъ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки аз он 3601 адад хоҷагиҳои деҳконӣ дар соли 2017 таъсис ёфтаанд. 

     Дар Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат  ба коррупсия масъалаи мазкур ба таври доимӣ дар ҳар як маҷлиси назоратии назди роҳбарияти Кумитаи давлатӣ баррасӣ гардида, супоришҳоизарурӣ дода мешаванд ва оид ба иҷроиши онҳо корҳои назоратӣ, пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бурда мешаванд. 

     Кумитаи давлатӣ ҳамчун мақоми мониторингшаванда дар Барномаи ташрифи намояндагони Нақшаи Истамбулӣ оид ба мубориза бо коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ баҶумҳурии Тоҷикистон аз санаи 27 то 31 марти соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ иштирок ва ҳамкорӣ намуд. 

      Аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ҷиҳати пардохт намудани маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ роҷеъ ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва Судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғд, Хатлон  58 адад аризаҳои даъвогӣ оид ба рӯёнидани  41млн 980 ҳаз. 882 сомонӣ таҳия ва пешниҳод карда шудааст.                   

     Натиҷаи ҷамъбасти ҳолати ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълум намуд, ки дар айни замон 37млн.962ҳаз.481 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба суратҳисоби махсуси буҷети  ҷумҳурӣ  ҷуброн карда нашудааст. 

     Дар нимсолаи аввали соли равон тибқи ҳисоботҳо ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ  31млн.508ҳаз.434  сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ворид шудааст. 

    Дар ин давра муассиса ва корхонаҳои тобеи Кумитаи давлатӣ мувофиқи нақшаи кории худ амал намуда, як қатор корҳоро ба иҷро расониданд, аз ҷумла: 

-аз тарафи ИЛТ «Фазо» ба маблағи умумии 656ҳаз.214 сомонӣ корҳо иҷро шудаанд. 

- аз тарафи ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” ба маблағи умумии 596ҳаз.295 сомонӣ корҳои заминсозӣ иҷро карда шудааст. 

     Умуман, аз тарафи корхонаҳои воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе, Суғд,  Хатлон, Бадахшон ва «Фабрикаи харитасозӣ» дар нимсолаи аввали соли 2017  корҳои топографӣ,  геодезӣ, харитасозӣ ба маблағи 1млн.705ҳаз.190  сомонӣ иҷро шудааст. 

        КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. 

        Дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаҳои давлатии фаръӣ 26019 адад Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, аз он 3640 адад хоҷагии деҳқонӣ, 233 адад хоҷагии иловагии ёрирасон, 18641 адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 531 адад дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ, 2974 адад зери сохмон ва эҳтиёҷоти дигар,1846 адад маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. 

        Нақшаи молиявии Корхонаи воҳиди давлатии  «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар нимсолаи якуми соли 2017 маблағи 28млн.134ҳаз.326 сомонӣ  ва иҷроиши он 121%-ро ташкил дод. Тайи ин давра иҷроиши корҳои хизматрасонӣ дар корхонаҳои бақайдгирии тобеъ маблағи 34млн.250ҳаз.317 сомониро ташкил намуда, ба буҷети давлат аз рӯи ҳама намуди пардохтҳо 13млн.778ҳаз.329 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст 

       Ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, таҳти № 9-ф бо мақсади ободу зебо гардонидани пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатӣ барои сохтмони 70 адад майдончаҳои варзишӣ ва майдони бозии кӯдакон аз ҳисоби заминҳои захираи шаҳри Душанбе майдони 13,43 гектар қитъаҳои замин  интихоб намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб дод. Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 28 феврали соли 2017 таҳти №82, 83, 84, 85 оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин дар ноҳияҳои Шоҳмансур 9 адад дар майдони 0,81 гектар, И.Сомонӣ 10 адад дар майдони 1,8 гектар, Сино 29 адад дар майдони 6,2 гектар, Фирдавсӣ 22 адад дар майдони 4,6гектар барои сохтмони майдончаҳо ба тавсиб расид.                                                                                                   

         Аз  ҷумла, Кумитаи давлатӣ дар раванди ободонии шаҳри Душанбе дар назди биноҳои 26, 28 ва 30 кӯчаи Шамсӣ бо буриши кӯчаи Б.Ғафурови маҳаллаи 82-юми ноҳияи Сино  майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва ҷойи дамгирии калонсолон дар масоҳати 3000 метри мураббаъ ба маблағи зиёда аз 980 000 сомонӣ сохта,  бо  иштироки Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуд. 

        Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2017 №  2к/37-24  ва аз 9 июни соли 2017 № 2к/37-24 оид ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуи шаҳри Душанбе  бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба анҷом расонид. 

        Кумитаи давлатӣ бо мақсади расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба маъюбон, шахсони бесаробон ва камбизоатон  дар корҳои хайриявию кӯмакрасонӣ низ саҳми худро гузошта истодаанд. Дар ин давра аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеъи он ба шахсони маъюбу бесаробон, оилаҳои камбизоат ва ятимони кулл дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ, Рӯзи артиши миллӣ, Рӯзи модарон, Наврӯзи байналмилалӣ, Рамазон ва Ваҳдати миллӣ кӯмак ва ёрии хайрхоҳона расонида шуд. Дар умум, корҳои хайрия ва кӯмак ба ятимону камбизоатон, шахсони барҷомонда ва эҳтиёҷманд маблағи зиёда аз 120ҳаз. сомониро ташкил медиҳад. 

     Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои фармону супоришҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешида, иҷрои саривақтии онҳоро бо пуррагӣ таъмин менамояд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/